Дар назди Консорсиуми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон Маркази ҳуқуқи исломӣ таъсис дода мешавад

Душанбе. 21-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Консорсиуми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров изҳор дошт, ки дар назди Консорсиуми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон Маркази ҳуқуқи исломӣ таъсис дода мешавад ва он ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ дар ин самт машғул хоҳад гардид. Ба гуфтаи ӯ, марказ фаъолияти худро ба омӯзиши муқоисавии мактабҳои гуногуни ҳуқуқи исломӣ […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 21-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Консорсиуми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров изҳор дошт, ки дар назди Консорсиуми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон Маркази ҳуқуқи исломӣ таъсис дода мешавад ва он ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ дар ин самт машғул хоҳад гардид.




Ба гуфтаи ӯ, марказ фаъолияти худро ба омӯзиши муқоисавии мактабҳои гуногуни ҳуқуқи исломӣ мутамарказ хоҳад сохт. «Дар марказ низоми ҳуқуқи исломӣ ва муқаррароти қонунгузорӣ дар кишварҳои исломӣ, ки муносиботи ҳамарӯза дар ҷомеаро танзим месозад, мавриди омӯзиш қарор хоҳад гирифт», – гуфт ӯ.




 

Сиёсатшинос афзуд, ҳамаи ҷанбаҳои мусбати таҷрибаи қонунгузории ин кишварҳо барои такмили қонунгузории ҷумҳурӣ пешниҳод хоҳад гардид.




Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.