Ширкати эронии «Гроу Интернешнл» дар Тоҷикистон се намоишгоҳи байнулмилалӣ доир месозад

Душанбе. 24-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо мудири ширкати намоишгоҳии «Гроу интернешнл» (Эрон) Муҳаммад Имронӣ оид ба баргузории се намоишгоҳи байнулмилалӣ дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд тавофуқ ҳосил шуд. Тавре аз палатаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили самтҳои […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 24-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо мудири ширкати намоишгоҳии «Гроу интернешнл» (Эрон) Муҳаммад Имронӣ оид ба баргузории се намоишгоҳи байнулмилалӣ дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд тавофуқ ҳосил шуд.




Тавре аз палатаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла роҳандозиву густариши ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисоду савдоро мавриди баррасӣ қарор доданд.



Муҳаммад Имронӣ ба роҳбари палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар баргузории намоишгоҳи ҳамасолаи байнулмилалии «ИнтерЛегПром» дар шаҳри Душанбе ба таври муштарак саҳм гиранд.



Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо густариши ҳамкориҳоро дар соҳаи табъу нашр таъкид сохта, тавофуқ ҳосил намуданд, ки соли ҷорӣ китоби «Роҳнамои тоҷир: 2009-2010»-ро ба се забон – тоҷикиву русӣ ва англисӣ ба чоп расонанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.