Душанбе. 14-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 19-уми май дар Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон (
SDC
) намоишгоҳи асарҳои рассоми ҷавони тоҷик Муродҷон Шарипов ифтитоҳ мегардад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари мазкур хабар доданд, асарҳо мавзӯи терроризмро дарбар гирифта, рассом ҷонибдори ҷаҳони бидуни террор ва зӯроварӣ аст. Намоишгоҳ то 15-уми июн идома хоҳад ёфт.
Қобили зикр аст, ки асарҳои рассоми ҷавон дар бисёр намоишгоҳҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла, намоишгоҳи «Хуб» (соли 2007) дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намоишгоҳ-озмуни «Стоячие носки» дар Бишкек (соли 2005), намоишгоҳҳои Тошканду Маскав пешкаши тамошобинон гардидааст.


