Созмонҳои мададрасон ба ҳукумат ваъдаи дастгирӣ карданд

Душанбе. 14-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пеш аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти мақомоти раҳбарии бахши иқтисодиву иҷтимоии ҳукумати ҶТ ва намояндагони созмонҳои мададрасон изҳороти муштарак қабул гардид, ки дар он гуфта мешавад, иқтисоди Тоҷикистон аз таъсири пайомадҳои буҳрони молӣ ба мушкилот рӯбарӯ аст ва ҳукумати Тоҷикистон баҳри рафъи он аз созмонҳои мададрасон кӯмак дархост кардааст. […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 14-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пеш аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти мақомоти раҳбарии бахши иқтисодиву иҷтимоии ҳукумати ҶТ ва намояндагони созмонҳои мададрасон изҳороти муштарак қабул гардид, ки дар он гуфта мешавад, иқтисоди Тоҷикистон аз таъсири пайомадҳои буҳрони молӣ ба мушкилот рӯбарӯ аст ва ҳукумати Тоҷикистон баҳри рафъи он аз созмонҳои мададрасон кӯмак дархост кардааст.




Дар изҳорот зикр гардидааст, ки вазъи бахши макроиқтисодӣ ғайриинтизор босуръат рӯ ба таназзул мениҳад: дар зарфи чор моҳи аввали сол рушди иқтисодӣ ҳамагӣ 2,9 дарсад аз Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил дода, дар семоҳаи аввал ҳаҷми содирот ба андозаи 41%, воридот – 11%, интиқоли маблағҳои пулӣ – беш аз 30%, ҳаҷми пардохтҳо – 15% коҳиш ёфта, қурби асъори миллӣ ба миқдори 14 % поин рафт.



Дар санади қабулгардида қайд мешавад, ки таҷдиди назари буҷаи соли 2009 ба ҷуз бахши иҷтимоӣ, дар дигар бахшҳо коҳиши ҳаҷми хароҷотро пешбинӣ мекунад.



Намояндагони созмонҳои мададрасон изҳор доштанд, ки

 

имконоти дастгирии буҷа, пешниҳоди кӯмаки фаннӣ ва лоиҳавиро дар чаҳорчӯбаи барномаҳои худ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод, вале дар навбати худ ҳукумати ҶТ бояд ҷараёни амалисозии ислоҳот, рушди устувор ва беҳбудӣ дар бахши истифодаи замин, ҳалли қарзҳои соҳаи пахтакорӣ ва фаъолияти озодонаи фермеронро таъмин созад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.