Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон нашъафурӯшро дар шаҳри Душанбе бо далели шайъӣ дастгир карданд.
Чӣ тавре ки аз агентии мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар кӯчаи Зарафшони пойтахт пас аз муомилоти харидуфурӯши маводи мухаддир ду нафар боздошт гардиданд. «Зимни кофтуков аз онҳо ба миқдори 5 килову
555,6 грамм
маводи сахттаъсири ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, дастгиршудагон дар боздоштгоҳи муваққатии агентӣ нигаҳдорӣ шуда, оид ба ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ бурда мешаванд.


