Дар хобгоҳи Донишгоҳи омӯзгорӣ дар шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад

Душанбе. 7-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар хобгоҳи рақами 7-и Донишгоҳи омӯзгорӣ дар шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад. Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати хадамоти оташнишонии Вазорати умури дохилии ҶТ, телевизоре, ки дар утоқи омӯзишӣ беназорат гузошта шуда буд, оташ гирфта, сипас он ба пардаҳо ва мебели утоқ гузаштааст. «Баробари […]

Манижа Қурбонова


Душанбе. 7-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар хобгоҳи рақами 7-и Донишгоҳи омӯзгорӣ дар шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад.




Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати хадамоти оташнишонии Вазорати умури дохилии ҶТ, телевизоре, ки дар утоқи омӯзишӣ беназорат гузошта шуда буд, оташ гирфта, сипас он ба пардаҳо ва мебели утоқ гузаштааст. «Баробари огаҳӣ ёфтан кормандони хадамоти оташнишонӣ зуд ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, дар муддати хеле кӯтоҳ оташро хомӯш карданд», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки касе аз сӯхтор осеб надидааст.



Ба иттилои манбаъ, ин ҳодисаи шашуми сӯхтор дар муассисаҳои вазорати маорифи кишвар мебошад. «Аз оғози сол дар ҷумҳурӣ 371 сӯхтор рух дода, зарари моддии он 1 млн. 457 ҳазору 611 сомониро ташкил дод», – афзуд манбаъ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.