Р. Блейк: ИМА барои иштирок дар лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон омода аст

Date:

Душанбе. 12 апрел. «Азия-Плюс» – | Муовини котиби давлатии Амрико дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк аз номи ИМА ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои кӯмаки Тоҷикистон дар масоили Афғонистон изҳори сипос намуд.

Дар ин бора Роберт Блейк пас аз анҷоми мулоқоти дусоата бо президенти Тоҷикистон ба журналистон хабар дода гуфт, ки зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон масоили ҳамкориҳо дар самти амнияти марзӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддар баррасӣ гаштанд.

Ёвари котиби давлатии Амрико инчунин иброз дошт, субҳи имрӯз ӯ бо палатаи савдои Амрико, ки муддати ду соли ахир дар Тоҷикистон фаъолият дорад вохӯрӣ анҷом дод. «Аз имконоти истифодаи сармояи Амрико дар баъзе лоиҳаҳои Т оҷикистон пурсон шудам»,- афзудБлейк.

Роберт Блейк ба Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси имконоти иштироки ширкатҳои амрикоӣ дар лоиҳаҳои энергетикӣ ва бозёфти канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон хабар дод. «Аммо барои ин Тоҷикистон бояд чанд мушкили худро дар бахши андозбандӣ ҳал намояд», -андеша дорад Ёвари котиби давлатии ИМА.

Инчунин ӯ афзуд, ки зимни вохӯрӣ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон масъалаҳои озодии сухан ва мазҳаб мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...