Шароити нигоҳдошти маҳбусони абадӣ дар Тоҷикистон беҳбуд мешавад

Душанбе. 14 апрел. «Азия-Плюс» – | Вакилони Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Тоҷикистон имрӯз зимни ҷаласаи навбатӣ ислоҳот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноии кишварро қабул карданд. Мувофиқи ислоҳот вазъи нигаҳдошти маҳбусони абадӣ беҳтар хоҳад шуд. Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров зимни баромади худ дар назди намояндагони халқ қайд кард, ки бо қабули ислоҳот маҳбусони абадӣ […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 14 апрел. «Азия-Плюс» – | Вакилони Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Тоҷикистон имрӯз зимни ҷаласаи навбатӣ ислоҳот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноии кишварро қабул карданд.

Мувофиқи ислоҳот вазъи нигаҳдошти маҳбусони абадӣ беҳтар хоҳад шуд.

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров зимни баромади худ дар назди намояндагони халқ қайд кард, ки бо қабули ислоҳот маҳбусони абадӣ ҳуқуқи харидорӣ намудани  маводи озуқаро бо пасандозҳои худ, аз мағозаҳои дохили маҳбас, пайдо мекунанд.

«Мувофиқи ин ислоҳот маҳбусон инчунин  ҳуқуқ ба вохӯриҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат бо наздиконашон пайдо мекунанд, -зикр намуд вазир.- Илова бар ин ислоҳот ба беҳбуд бахшидани шароити санитарӣ гигиении ин маҳбусон равона карда шудаст».

Сухангӯи парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар навбати худ илова намуд, ки Тоҷикистонро кори ҷиддӣ ва дароз мебояд, то Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноии икшвар тавонад ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад.  «Ин иқдоми мусбист, аммо бояд муддати дароз дар болои он кор кунем», иброз дошт сухангӯи парлумон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.