Интиқоди додситон нисбат ба фаъолияти агентии зиддифасод бозгӯи мухолифати манфиатҳо миёни сохторҳо аст, – назари коршинос

Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов дар мавриди шарҳи интиқоди додситонии кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов аз фаъолияти ғайриқаноатбахши агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ мегӯяд, ин бозгӯи он аст, ки миёни ду сохтор мухолифати манфиатҳо вуҷуд дорад. Ба гуфтаи ӯ, аз рӯзҳои аввали таъсиси агентӣ ваколатҳои […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов дар мавриди шарҳи интиқоди додситонии кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов аз фаъолияти ғайриқаноатбахши агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ мегӯяд, ин бозгӯи он аст, ки миёни ду сохтор мухолифати манфиатҳо вуҷуд дорад.




Ба гуфтаи ӯ, аз рӯзҳои аввали таъсиси агентӣ ваколатҳои раёсати сохтори марбути додситонии кулл ба ин агентӣ дода шуданд ва аз ҳамон замон «мухолифати пинҳонии ду мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ шурӯъ шуд».



Сиёсатшинос мегӯяд, ки дар додситонии кулл шӯъбаи махсусе амал мекунад, ки аз болои фаъолияти агентии зиддифасод назорат мебарад.



Ғайр аз ин, А.Мамадазимов чунин мешуморад, ки шояд рақобат миёни сохторҳо ба тағйироти кадрҳои роҳбарикунанда дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукуматӣ дар таърихи 15-уми январ марбут бошад. «Ба таъбири дигар, интиқоди садодода маънои онро дорад, ки миёни ду сохтори давлатӣ барои пешрав будан дар мубориза бо коррупсия рақобати пинҳонӣ вуҷуд дорад», – афзуд сиёсатшинос.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.