Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли пешин 3,8 дарсад камтар аст

            Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли 2008 дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли пешин 3,8 дарсад камтар аст.             Дар нишасти матбуотӣ додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов изҳор дошт, ки аз ҷиноёти содиршуда 302 ҳодиса ҷиноятҳои вазнин буда, он нисбат ба соли 2007 ба […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли 2008 дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли пешин 3,8 дарсад камтар аст.





           

Дар нишасти матбуотӣ додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов изҳор дошт, ки аз ҷиноёти содиршуда 302 ҳодиса ҷиноятҳои вазнин буда, он нисбат ба соли 2007 ба андозаи 1,4 дарсад коҳиш ёфтааст.




           

Тибқи маълумоти додситонии кулл, соли 2008 ҷиноёти марбут ба одамкушӣ ба андозаи – 23,4, ғоратгарӣ – 12, бо истифода аз силоҳи оташфишон – 45,5, ҷиноёти гурӯҳӣ – 46 ва ҷиноёти содиршуда аз ҷониби ноболиғон – 18 дарсад камтар шудааст.




           

Додситони кулл қайд кард, ки соли гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ 25 ҷиноят содир шудааст, ки он асосан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир марбут аст.



Дар ҳамин ҳол, шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар 244 ҷиноят содир намудаанд, ки аксари он ба Русия рост меояд.




           

Б.Бобохонов таъкид сохт, ки тавассути нзорати умумӣ аз ҷониби сохторҳои Додситонии кулл беш аз 137 млн. сомонӣ зарар ҷуброн карда шудааст, ки 91,255 млн. сомонии он ба буҷаи давлатӣ равона гардидаанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.