Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон миёни 138 кишвари ҷаҳон дар баҳогузории мусбати фаъолияти ҳукумати кунунии Русия мақоми аввалро ишғол кард. Дар назарсанҷии интишорнамудаи Хадамоти
Gallup
гуфта мешавад, ки 92 дарсади тоҷикистониён сиёсати ҳукумати Русияро маъқул мешуморанд.
Ба иттилои манбаъ, сиёстаи ҳукумати Русия бештар дар мамолики собиқ шӯравӣ дастгирӣ мешавад. Фаъолияти ҳукумати Русияро дар Қирғизистон – 89, Қазоқистон – 87, Озарбойҷон – 66, Молдова – 62, Украина – 53, Белорус – 51 ва Ӯзбекистон – 50 дарсади пурсидашудагон маъқул шуморидаанд. Дар Гурҷистону Арманистон мизони дастгирии фаъолияти ҳукумати феълии Русия камтар буда, он мутаносибан ба 22 ва 30 дарсад баробар аст.
Дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 43 дарсади пурсидашудагон ба фаъолияти ҳукумати кунунии Русия назари манфӣ дошта, ҳамагӣ 15 дарсад назари мусбат доранд. Дар Амрикои Ҷанубиву Шимолӣ нишондиҳандаҳо мутаносибан ба 22 ва 18 дарсад ва Шарқи Наздику Африқои Ҷанубӣ ба 49 ва 29 дарсад баробаранд. Аз ҳама камтар ба сиёсати ҳукумати Русия дар Фаронса (6 дарсад маъқулшуморидагон) назари манфӣ доранд.


