Дар фурудгоҳи Душанбе ҷаласаи саҳмдорони нерӯгоҳи «Роғун» баргузор шуд

Душанбе. 20-уми май. Азия-Плюс — Имрӯз дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ҷаласаи саҳмдорони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Роғӯн» баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, дар ҷаласа масъалаи тасмими баргузории маҷлиси умумии саҳмдорон ва ба ин васила муайян кардани шумораи саҳмдорон ва маблағҳои воридшуда мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. «Барои муайян намудани […]

Азия-Плюс

Душанбе. 20-уми май. Азия-Плюс — Имрӯз дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ҷаласаи саҳмдорони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Роғӯн» баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, дар ҷаласа масъалаи тасмими баргузории маҷлиси умумии саҳмдорон ва ба ин васила муайян кардани шумораи саҳмдорон ва маблағҳои воридшуда мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. «Барои муайян намудани ҳайати Комиссияи тафтишотӣ, Комиссияи баҳисобгирӣ ва Шӯрои нозирон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, ҳуқуқшиноси корхона Манучеҳр Сафаров оид ба тартиби пур кардани варақаҳои овоздиҳӣ маълумоти муфассал дод.

Ёдрас мекунем, ки маблағи умумии ба суратҳисоби нерӯгоҳи «Роғун» гузаронида аз ҷониби Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе зиёда аз 18 млн сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 5,2 млн сомонӣ маблағи кормандон буда, 13 млн сомонӣ маблағи фурудгоҳ аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.