Қадамҳои аввалини Тоҷикистон дар роҳи таъсиси судҳои оилавӣ

Душанбе. 20-уми май. «Азия-Плюс» — | Тоҷикистон дар роҳи таъсиси судҳои оилавӣ, ки бояд маҷмӯъан масоили марбут ба муносибатҳои ҳуқуқии оилавӣ ва ҳифзи манфиатҳои кӯдаконро ҳал созад,  қадамҳои аввалин мегузорад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» ҳуқуқшиноси Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон Нодира Абдуллоева хабар дод, солҳои ахир дар ҷомеаи Тоҷикистон дар муносибатҳои оилавӣ тағйироти […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 20-уми май. «Азия-Плюс» — | Тоҷикистон дар роҳи таъсиси судҳои оилавӣ, ки бояд маҷмӯъан масоили марбут ба муносибатҳои ҳуқуқии оилавӣ ва ҳифзи манфиатҳои кӯдаконро ҳал созад,  қадамҳои аввалин мегузорад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» ҳуқуқшиноси Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон Нодира Абдуллоева хабар дод, солҳои ахир дар ҷомеаи Тоҷикистон дар муносибатҳои оилавӣ тағйироти ҷиддӣ рӯйи кор омад, ки он зарурати масъалаи таъсиси судҳои оилавиро ба миён овард. «Феълан шумори зиёди шаҳрвандони кишвар бидуни қайди расмӣ ва тибқи таомули мусулмонӣ ақди никоҳ мебанданд ва ҳамчунин шумори ҳодисаҳои бисёрзанӣ рӯ ба афзоиш аст. Дар ин замина норасоиҳои мавҷуда дар қонунгузорӣ шаклҳои нави муносибатҳои оилавиро ба инобат намегиранд ва ин омил ба афзоиши мушкилоти занон – зани дуввум ва сеюм боис мегардад, ки дар масоили таъмин бо манзил ва тақсими амвол беҳуқуқ мемонанд,», – мегӯяд ӯ.  

Бино ба маълумоти Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон, омори судӣ бозгӯи он аст, ки шумори парвандаҳои марбут ба муносибатҳои ҳуқуқии оилавӣ сол то сол рӯ ба афзоиш мениҳад. «Агар дар соли 2004 шумори парвандаҳо оид ба ҷудошавии оилаҳо дар кишвар 2 ҳазору 120 ададро ташкил медод, пас соли 2009 шумори он то 4,5 ҳазор адад афзудааст. Оид ба масоили пардохти нафақапулӣ соли 2004-ум 987 парванда ва соли 2009-ум аллакай 1 ҳазору 793 парванда барррасӣ шудааст ва феълан боиси тааҷҷуб нест, ки парвандаҳо оид ба муносибатҳои ҳуқуқии оилавӣ барои судяҳо хеле зиёд шудааст», – изҳор медорад Абдуллоева.

Коршиносони соҳа мегӯянд, ки омилҳои дар боло зикршуда ба он боис гардиданд, ки дар Тоҷикистон масъалаи имкони таъсиси судҳои оилавӣ мавриди баррасӣ қарор гирад. Ҳамин тариқ, соли 2010 мутобиқи Барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳо» тагйироту илова ворид гардида, дар назди Суди Олии ҶТ ҳайати мушовара оид ба корҳои оилавӣ таъсис дода шуд.

Ба баҳсҳои оилавӣ чунин масоил дохил мешаванд: шароит ва тартиби бастани ақди никоҳ ё бекор кардани он, ҳифзи ҳуқуқҳои амволӣ ва ғайриамволии аъзои оила, масоили ба писархондӣ ё духтархондӣ қабул кардан, нигоҳубин ва ғамхорӣ, муайян кардани далелҳои дорои аҳаммияти ҳуқуқӣ ва марбут ба манфиатҳои шахсони ноболиғ, ҳамсарон ва аъзои оила (эътирофи шахси бедаракшуда, фавтида, коршоям ё корношоям будани шахс, маҷбурӣ ба беморхоан бистарӣ кардан ё баргузории ташхиси равонӣ ва иловаву тағийрот ба сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ).

Ба қавли Абдуллоева, дар кишварҳое, ки судҳои оилавӣ мавҷуданд, ба интихоби чунин судяҳо талаботи махсус пешниход мегардад. Чунин судя бояд қобилияту малакаҳои равоншиносӣ ва таҷрибаи бойи касбӣ дошта, мунтазам аз санҷиш гузарад ва имтиҳоноти тахассусӣ супорад. Ба ғайр аз ин, мавҷудияти судҳои оилавӣ маъмулан пешниҳоди машваратҳо оид ба масъалаҳои ақди никоҳ ва оила, машваратҳои ройгон дар назди мақомоти судӣ ва ҳамчунин низоми хизматгузориҳои миёнаравиро низ таъмин месозад. «Айни замон дар баъзе судҳои шаҳри Хуҷанд таҷрибаи ба соҳае махсусгардонии судяҳо ва ба онҳо додани ваколатҳои баррасии парвандаҳои оилавӣ ҷой дорад, вале ба қавли адвокатҳо, ин тачрибаи озмоишӣ буда, алҳол ба ҳеҷ натиҷаи муассире наовардааст. Ин судяҳо парвандаҳои оилавиро дар қатори дигар парвандаҳо баррасӣ мекунанд ва то мавҷуд будани низоми тартиби оштишавии расмӣ ё набудани машваратҳо дар назди судҳо аз чунин судяҳо то кунун ҳеҷ талаботи муайяне тақозо карда намешавад», – афзуд Абдуллоева.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.