Георгий Кошлаков: Дар Алмаато ӯзбекон бобати нерӯгоҳи «Роғун» чизи тозае нагуфтанд

Душанбе. 20-уми май. Азия-Плюс —Чанде қабл дар Алмаато бо иштироки коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои ҳавзаи рӯдхонаи Амударё машварати нахустин оид ба лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» собиқ ноиби нахуствазири ҷумҳурӣ ва феълан раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон, яке аз намояндагони Тоҷикистон дар ин машварат Георгий Кошлаков […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 20-уми май. Азия-Плюс —Чанде қабл дар Алмаато бо иштироки коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои ҳавзаи рӯдхонаи Амударё машварати нахустин оид ба лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» собиқ ноиби нахуствазири ҷумҳурӣ ва феълан раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон, яке аз намояндагони Тоҷикистон дар ин машварат Георгий Кошлаков изҳор дошт, коршиносони бонк дар бораи натиҷаҳои нахустини баҳодиҳӣ ба лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» ва идомаи фаъолияташон дар оянда дар ин самт гузориш доданд. «Мушовирони аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон кирокарда барои баргузории ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» моҳи апрел ба кор шурӯъ карданд ва метавон гуфт, ки ин танҳо оғози фаъолият аст», – таъкид кард ӯ.

Ба қавли мавсуф, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Ӯзбекистон дар машварат боз дар бораи аз ҷиҳати зилзила хатарнок будани қаламрави сохтмони сарбанд, таъсири манфии нерӯгоҳ ба вазъи экологии минтақа ва дигар масоиле, ки борҳо гуфтаанд, ҳарф задаанд, вале чизи наве пешниҳод накардаанд. «Баргузории марҳилаи нави гуфтушунидҳо тахминан моҳҳои август дар шаҳри Душанбе пешбинӣ мешавад», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.