Баррасии масъалаи имкони ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Арабистони Саъудӣ

Душанбе. 20-уми май. Азия-Плюс — Дар Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Мамлакати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Бандар Муҳаммад Ҷамил Аҳмад Маҳмуд баргузор гардид.  Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷмҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, ҳамкории […]

Азия-Плюс

Душанбе. 20-уми май. Азия-Плюс — Дар Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Мамлакати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Бандар Муҳаммад Ҷамил Аҳмад Маҳмуд баргузор гардид.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷмҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, ҳамкории ҳарду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, хусусан дар Созмони Конфронси Исломӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

 Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории Арабистони Саудӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Қайд гардид, ки муносибатҳо инчунин дар сатҳи вазорату идораҳои ду кишвар тақвият меёбанд.

 Сафир дар бораи фаъолияти самараноки Кумитаи Ҳилоли Аҳмари Арабистони Саудии Бунёди Саудии Рушд дар Тоҷикистон, инчунин оид ба имконияти кушодани хатсайри ҳавоии миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ иттилоъ дод.

 Ҳамчунин, Вазир ва Сафир роҷеъ ба ҳодисаҳои моҳҳои ахир дар Африқои Шимолӣ ва Ховари Миёна изҳори назар карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.