В. Путин: Қирғизистону Тоҷикистон дар узвият ба Иттиҳоди гумрукӣ манфиатдоранд

  Душанбе. 20-уми июл. Азия-Плюс – Чанде қабл зимни суханронӣ дар ҷаласаи байнидавлатии шӯрои нахуствазирони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё сарвазири Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки Тоҷикистону Қирғизистон низ манфиатдор будани худро дар узвият ба Иттиҳоди гумрукии Белорусу Русия ва Қазоқистон изҳор кардаанд.   Дар ҳамин ҳол, Владимир Путин ҳамчунин зикр кардааст, ки бобати баргузории машваратҳо […]

Пайрав Чоршанбиев

 

Душанбе. 20-уми июл. Азия-Плюс – Чанде қабл зимни суханронӣ дар ҷаласаи байнидавлатии шӯрои нахуствазирони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё сарвазири Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки Тоҷикистону Қирғизистон низ манфиатдор будани худро дар узвият ба Иттиҳоди гумрукии Белорусу Русия ва Қазоқистон изҳор кардаанд.  

Дар ҳамин ҳол, Владимир Путин ҳамчунин зикр кардааст, ки бобати баргузории машваратҳо ва пайдо кардани роҳҳои мусоиди ба узвият пазируфта шудани ин кишвархо бо котиботи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ва сохторҳои дахлдори Иттиҳоди гумрукӣ мувофиқа ҳосил шудааст.

Нахуствазири Русия ҳамчунин гуфтааст, таҳияи шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бояд то 1-уми январи соли 2013 ба анҷом расида, ташкили чунин иттиҳод ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои дигар, иттиҳодияҳои байнулмилалӣ ва минтақавӣ бо шумули Иттиҳоди Аврупоро таъмин карда, минбаъд ба таъсиси фазои ягонаи иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли равон нахуствазири Қирғизистон Алмазбек Атамбаев изҳор дошта буд, ки Қирғизистон хоҳ нохоҳ бояд ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодии Русияву Қазоқистон ва Белорус бипайвандад, зеро «дар марҳилаҳои аввал барои Қирғизистон душвор гардад ҳам, вале минбаъд бо пайвастан бо кишварҳои ҳамсояву дӯст иқтисоди кишвар рӯ ба афзоиш хоҳад ниҳод».

Дар ҳамин ҳол, чанде қабл муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди президенти Тоҷикистон Неъмат Раҳмат дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошта буд, ки Тоҷикистон ба узвияти Иттиҳоди гумрукӣ танҳо баъди ба он пайвастани Қирғизистон пазируфта хоҳад шуд, зеро яке аз шартҳои ҳатмии пайвастан ба он мавҷуд будани марз бо кишварҳои узви он мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.