Задухӯрди мусаллаҳонаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Душанбе. 20-уми май. «Азия-Плюс» — Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар қаламрави посгоҳи шашуми гурӯҳи марзбонии Панҷ як даста марзбонон ва кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ноҳияи Панҷ ҳадафи оташи гурӯҳи номаълуми мусаллаҳ қарор гирифтанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон Хушнуд Раҳматуллоев иттилоъ дод, пас аз муқовимати ҷавобии марзбонон […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 20-уми май. «Азия-Плюс» — Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар қаламрави посгоҳи шашуми гурӯҳи марзбонии Панҷ як даста марзбонон ва кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ноҳияи Панҷ ҳадафи оташи гурӯҳи номаълуми мусаллаҳ қарор гирифтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон Хушнуд Раҳматуллоев иттилоъ дод, пас аз муқовимати ҷавобии марзбонон гурӯҳи номаълум ба қаламрави Афғонистон паноҳ бурдааст. «Субҳи имрӯз дар ҷойи ҳодиса 1 автомати Калашников бо се тирдон, 10 кило маводи мухаддири сахттаъсири героин, 2 кило афюн ва 2 кило ҳашиш дарёфт шуд», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин афзуд, ки дар натиҷаи ин задухӯрди мусаллаҳона ҳеҷ афроде аз марзбонон ва кормандони КДАМ осеб надидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.