Шумори тоҷикистониёни ҳалокшуда дар Маскав ба шаш нафар расид

Душанбе, 20-уми май. «Азия-Плюс» — Шахсияти боз як тан аз тоҷикистонии ҳалокшуда бар  асари сӯхтор дар маркази шаҳри Маскав муайян гардида, ҳамин тариқ шумори онҳо ба шаш наафар расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия иттилоъ доданд, чанде қабл шахсияти шаҳрванди 18-солаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Баҳром Насимов муайян карда шуд. Ҳамчунин […]

Аваз Юлдошев

Душанбе, 20-уми май. «Азия-Плюс» — Шахсияти боз як тан аз тоҷикистонии ҳалокшуда бар  асари сӯхтор дар маркази шаҳри Маскав муайян гардида, ҳамин тариқ шумори онҳо ба шаш наафар расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия иттилоъ доданд, чанде қабл шахсияти шаҳрванди 18-солаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Баҳром Насимов муайян карда шуд. Ҳамчунин қаблан шахсияти панҷ нафар шаҳрвандони ҳалокшудаи Тоҷикистон – сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд – Қурбон Аҳмадови 55-сола; сокинони нохияи Шуғнони ВМКБ – Алихон Саиднаимови 26-сола ва Наимшо Саиднаимови 19-сола; сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Қаҳрамон Мараҷабови 33-сола ва сокини ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Исҳоқ Раҷабови 48-сола муайян карда шуда буданд.  

Ба иттилои манбаъ, то ҳанӯз шахсияти як тан аз ҳалокшудагон дар сӯхтор муайян карда нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки субҳи 17-уми май дар яке аз биноҳои сеошёнаи воқеъ дар қисмати ҷануби шарқии шаҳри Маскав, кӯчаи Болшой Афанасевский сӯхтор сар зада, бар асари он ҳафт нафар ҳалок ва ҳафт нафари дигар чароҳат бардоштанд.

Бино ба маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия, сӯхтор шояд бар асари истифодаи нодурусти бухории барқӣ сар зада бошад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ супориш дод, ки нисбати ин ҳодиса чораҳои дахлдор андешида, ба хешовандону пайвандони ҳалокшудагон кӯмак расонанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.