Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе баргузории намоишгоҳи Байнулмилалии китоб идома дорад, ки дар он зиёда аз 2 ҳазор нусха китобҳои нашрияҳои Туркманистон, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ва Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ин китобҳо мавзӯъҳои таъриху иқтисод, фарҳанг ва мероси илмии кишварҳоро дарбар гирифтаанд. «Маросими ифтитоҳи намоишгоҳ рӯзи 25-уми майи соли ҷорӣ дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон доир гардида, вазири фарҳанги кишвар Мирзошоҳрух Асрорӣ ба он ҳусни ифтитоҳ бахшид. «Худи ҳамон рӯз маросими муаррифии китоби нави «Бахтофарин» баргузор гашт, ки дар он шеъру мақола ва очеркҳо дар бораи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми ӯ дар пойдории сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон, баланд бардоштани сатҳи худогоҳии миллии мардум ва рушди иқтисоду фарҳанг гирдоварӣ шудаанд», – гуфтанд дар вазорат.
Зикр гардид, ки кори намоишгоҳи бапйнулмилалии китоб то 27-уми майи соли ҷорӣ идома меёбад.


