Котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ аз мансаб сабукдӯш гардид

Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинобар ба кори дигар гузаштан котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Амирқул Азимов аз мансаб сабукдӯш гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огоҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, фармон дар таърихи 23-юми май ба имзо расида, ба вазифаи котиби Шӯрои амният то ҳанӯз касе […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинобар ба кори дигар гузаштан котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Амирқул Азимов аз мансаб сабукдӯш гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огоҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, фармон дар таърихи 23-юми май ба имзо расида, ба вазифаи котиби Шӯрои амният то ҳанӯз касе таъин нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки собиқ котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Амирқул Азимов рӯзи 15 –уми май аз ҳавзаи якмандатии интихоботии № 4-и ноҳияи Синои пойтахт вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб гардид.

Рӯзи чаҳоршанбе, 25-уми майи соли ҷорӣ, дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони кишвар Амирқул Азимов ба ҳайси  раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният интихоб гардида, ба ҳайати Шӯрои парлумонӣ шомил шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.