Ба рӯзноманигорони тоҷик инъикоси масоили адолати судии ҷиноятиро омӯзониданд

Душанбе. 21-уми май. «Азия-Плюс» – | Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» аз 15 то 19-уми май дар осоишгоҳи «Умед» («Надежда»)-и ноҳияи Варзоб давраи омӯзишӣ барои рӯзноманигорон дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон ва адолати судии ҷиноятӣ» баргузор кард. Дар он 20 корманди воситаҳои ахбори оммаи чопию электронии шаҳри Душанбе ва манотиқи кишвар ширкат варзиданд. Дар […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 21-уми май. «Азия-Плюс» – | Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» аз 15 то 19-уми май дар осоишгоҳи «Умед» («Надежда»)-и ноҳияи Варзоб давраи омӯзишӣ барои рӯзноманигорон дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон ва адолати судии ҷиноятӣ» баргузор кард. Дар он 20 корманди воситаҳои ахбори оммаи чопию электронии шаҳри Душанбе ва манотиқи кишвар ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни давраи омӯзишӣ масоили ҳуқуқ ба баррасии боадолатонаи судӣ, механизмҳои миллӣ ва байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон, озод будан аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибату ҷазои бераҳмона ва таҳқиркунандаи шаъну шараф, татбиқи адолати судӣ нисбат ба ноболиғон, истифодаи меъёрҳои байнулмилалии рӯзноманигорӣ дар инъикоси масоили адолати судии ҷиноятӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сарварони Бунёди ҷамъиятии «Нотабене» Нигина Баҳриева ва Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон Сергей Романов ба ҳайси тренерони ин давраи омӯзишӣ фаъолият карданд. Дар чорабинии мазкур ҳамчунин коршиносони варзидаи бахшҳои ҳуқуқи ҷиноӣ ва ВАО, намояндагони Шӯрои адлия, Прокуратураи генералӣ ва Суди конститутсионии ҶТ, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва ҳимоятгарон суханронӣ карда, ба суолҳои сершумори иштирокдорон посух гуфтанд.

Хабарнигори радиои «Азия-Плюс» Валентина Кондрашова таассуроти худро оид ба ин семинар чунин иброз дошт: «Фикр мекунам, ки барои журналистон давраи омӯзишӣ хеле муфид буд, зеро мо аз он барои худ маълумоти зиёди зарурӣ ва муҳимро ба даст овардем. Ҳамчунин тарзи баргузории чорабинӣ ба ман писанд омад, зеро мо имкон доштем, ки дар фазои озоду ғайрирасмӣ бо мансабдорони давлатӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон оид ба масоили дорои аҳамияти ҷамъиятӣ гуфтугӯ кунем».

Ин давраи омӯзишӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Инъикоси масоили адолати судии ҷиноятӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тавассути ВАО» бо дастгирии Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон гузаронида шуд.

Ҳадафҳои лоиҳа ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба масоили ҳуқуқи инсон ва адолати судии ҷиноятӣ дар Тоҷикистон, ташкили замина барои муҳокимаи ҷамъиятии масоили мазкур, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тавассути ВАО мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.