Шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон бо гузашти замон симои худро дигар меcозад.
Ин дигаргунӣ бештар аз ҳама дар сохтмони биноҳои наву замонавӣ бамушоҳида мерасаду ҷои хонаҳои пастошёнаи фарсударо тадриҷан биноҳои баландошёна танг мекунанд.
Ҳамчунин дар чанд соли ахир меҳмонхонаҳову марказҳои тиҷоратии наву боҳашамат бо меъмории навин дар маркази Душанбе қомат афрохтанд, ки ҳусни шаҳрро меафзоянд.
Дар барорбари ин сохтмони биноҳои дигар низ дар ҳар як гӯшаву канори пойтахт идома доштаву таъмири роҳҳо боиси зеботар шудани Душанбе гаштааст.