Гумонбарии хабарнигори Би-Би-Си ба узвият дар «Ҳизб-ут-Таҳрир»

Душанбе. 16-уми июн. «Азия-Плюс» — | Хабарнигори бахши ӯзбекии радиои Би-Би-Си ба узвият дар ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Ҳизб-ут-Таҳрир» гумонбар дониста мешавад. Кормандони милиса хабарнигори Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонови 60-соларо дар таърихи 14-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд боздошт карданд. Маҳмадулло Асадуллоев, сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ мегӯяд, ӯ ба узвият дар […]

Олга Тутубалина

Душанбе. 16-уми июн. «Азия-Плюс» — | Хабарнигори бахши ӯзбекии радиои Би-Би-Си ба узвият дар ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Ҳизб-ут-Таҳрир» гумонбар дониста мешавад.

Кормандони милиса хабарнигори Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонови 60-соларо дар таърихи 14-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд боздошт карданд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ мегӯяд, ӯ ба узвият дар ҳизби фаъолияташ манъшудаи «Ҳизб-ут-Таҳрир гумонбар дониста шуда, соли 2009 ихтиёрӣ ба сафи ин ҳизб шомил ва ба таблиғоти афкори моҳияти ифротгароидоштаи ин ҳаракат дар шабакаҳои Интернет машғул будааст. «Боздоштшуда ба паҳн кардани варақаву адабиёти дорои хусусияти ифротгароӣ низ даст дошта, аз сокинони вилоят даъват ба амал меовардааст, ки ба сафи «Ҳизб-ут-Таҳрир» бипайванданд», – гуфт Асадуллоев.

Дар ҳамин ҳол, Файзинисо Воҳидова, адвокати Усмонов мегӯяд, ӯро на рӯзи 14-ум, балки 13-уми июн боздошта, муддати се рӯз бидуни пешниҳоди адвокат нисбати ӯ чорабиниҳои тафтишотӣ доир сохтаанд. «Танҳо рӯзи 15-уми июн пас аз содир шудани иҷозатномаи ҳабси ӯ аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд, муфаттиш ба ман изҳор кард, ки гӯё Усмонов худаш истифодаи хизматгузории адвокатро рад сохтааст, вале ин тавр буда наметавонад, зеро дар ин ҳолат Усмонов мебоист ба таври хаттӣ ё дар ҳузури адвокат, ҳатто давлатӣ бошад ҳам, рад сохтани адвокатро тасдиқ мекард», – иброз дошт ӯ.  

Ба қавли Ф.Воҳидова, айбдоркуниҳо ба фаъолияти рӯзноманигории Усмонов марбутанд, ки «гӯё дар маводу гузоришҳои худ дар Би-Би-Си ӯ афкори «Ҳизб-ут-Таҳрир»-ро таблиғ мекардааст». «Алҳол ман намедонам, ки ӯ айбдории худро эътироф мекунад ё на, вале умедворам, ки бо ӯ вомехӯрам», – изҳор дошт адвокат.

Номбурда афзуд, айни замон Усмонов дар боздоштгоҳи мувакқатии Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешавад.

Дафтари марказии Би-Би-Си дар Лондон ва сафоратхонаи Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон дар робита ба ин масъала изҳорот интишор карданианд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.