Мулоқоти диломати тоҷик бо Валиаҳди Давлати Қатар

Душанбе. 16-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Давлати Қатар Зубайдулло Зубайдов ба Валиаҳди Давлати Қатар, Муовини Амир Шайх Тамим ибни Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ эътимоднома супорид.  Тавре аз Департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, баъди маросими супоридани эътимоднома мулоқоти Сафир З. Зубайдов […]

Душанбе. 16-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Давлати Қатар Зубайдулло Зубайдов ба Валиаҳди Давлати Қатар, Муовини Амир Шайх Тамим ибни Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ эътимоднома супорид.

 Тавре аз Департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, баъди маросими супоридани эътимоднома мулоқоти Сафир З. Зубайдов бо Валиаҳди Давлати Қатар, Муовини Амир Шайх Тамим ибн Ҳамад ибн Халифа Оли Сонӣ баргузор гардид.

 Зимни сӯҳбат масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар, ҳамкориҳои ду кишвар дар тамоми самтҳо муҳокима гардиданд.

 Сафир дар поёни сӯҳбат аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирро барои анҷом додани сафар ба шаҳри Душанбе даъват намуд. Амир даъватро бо қаноатмандӣ пазируфт.

 Дар мулоқот инчунин муовини Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар ҷаноби Муҳаммад Румайҳӣ ширкат варзид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.