Боздошти корманди шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен зимни ришваситонӣ

Хуҷанд. 16-уми июн. «Азия-Плюс» — | Корманди шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ҳангоми ришваситонӣ бо далели шайъӣ боздошт гардид. Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилоят хабар доданд, мақомоти додситонии ноҳияи Спитамен рӯзи 14-уми июни соли ҷорӣ нисбат ба хазинадор-муҳосиби шӯъбаи зикршуда, сокини маҳаллӣ Абдувалӣ Ҷумъаеви 28-сола мутобиқи моддаҳои […]

Хуҷанд. 16-уми июн. «Азия-Плюс» — | Корманди шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ҳангоми ришваситонӣ бо далели шайъӣ боздошт гардид.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилоят хабар доданд, мақомоти додситонии ноҳияи Спитамен рӯзи 14-уми июни соли ҷорӣ нисбат ба хазинадор-муҳосиби шӯъбаи зикршуда, сокини маҳаллӣ Абдувалӣ Ҷумъаеви 28-сола мутобиқи моддаҳои 32, қ. 2 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сўисқасди ҷиноят) ва 319, қ. 1 (Гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. «Ӯ ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 700 сомонӣ аз соҳибкори маҳаллӣ барои рӯйпӯш сохтани қонуншиканиҳо ва ҷаримабандӣ накардан бо далели шайъӣ дастгир карда шуд», – гуфтанд дар раёсат.

Бино ба маълумоти мақомоти доситонии вилояти Суғд, дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ аз рӯйи далели порагирӣ аз ҷониби шахсони мансабдор 11 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.