Як зани суғдӣ барои фурӯши фарзанди ноболиғ ба 5 соли зиндон маҳкум гардид

Хуҷанд. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як зане ба ҷурми фурӯши фарзанди ноболиғаш ба 5 соли зиндон маҳкум гардид. Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, раисикунандаи мурофиаи додгоҳии мазкур Одилҷон Усмонов хабар дод, сокини шаҳри Чкаловск, модари ду фарзанд Татяна Петриченкои 52-сола писари 12-солаи худ Василийро […]

Мавлуда Рафиева

Хуҷанд. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як зане ба ҷурми фурӯши фарзанди ноболиғаш ба 5 соли зиндон маҳкум гардид.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, раисикунандаи мурофиаи додгоҳии мазкур Одилҷон Усмонов хабар дод, сокини шаҳри Чкаловск, модари ду фарзанд Татяна Петриченкои 52-сола писари 12-солаи худ Василийро ба ивази 1 ҳазору 800 доллари ИМА ба шаҳрванд К.М. (зан) фурӯхтанӣ будааст. «Т. Петриченко майзада ва ҳаёти бесарусомоне дошта, қаблан доғи судӣ дошт ва ин амалро баҳри ба даст овардани пул содир кард», – гуфт ӯ.

Тавре аз маводи парванда бармеояд, 25-уми феврали соли равон Т. Петриченко Василийро бо забонхат аз мактаб-интернат барои оилаҳои камбизоати шаҳри Чкаловск бо худ гирифта, пас аз се рӯз тибқи маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд К.М. вомехӯрад, ки фурӯхтани кӯдакро маҳз бо ӯ маслиҳат карда буд. Ба Василий ин амали худро чунин шарҳ медиҳад, ки ӯро ба тарбияи оилаи хуб медиҳад. Сипас аз К.М. 700 доллари ИМА ва 2700 сомонӣ маблағ гирифта, Василийро ба ӯ месупорад. Дар вохӯрии минбаъда ӯ ваъда медиҳад, ки шаҳодатномаи таваллуди наврасро оварда, маблағи боқимондаи 300 доллари ИМА-ро низ мегирад. Дар ин бора шаҳрванд К.М. ба кормандони милиса хабар медиҳад ва ҳангоми анҷоми муомилот Т. Петриченко боздошт мегардад.

Қундуз Солиева, директори мактаб-интернат барои кӯдакони оилаҳои камбизоати шаҳри Чкаловск мегӯяд, Василий дар синфи шашум таҳсили илм дошта, хеле бачаи аълохону қобилиятнок буд, вале пас аз ин ҳодиса ҳолати рӯҳии ӯ хеле бад шудааст. «Акнун мегӯяд, ки дигар шумову мактаб-интернат оилаи ман ҳастед», – изҳор мекунад омӯзгор.

Дар ҳамин ҳол, мудири шӯъба оид ба дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакони ҳукумати вилояти Суғд Аъзам Холмирзоев аз ин қазия огаҳӣ надоштани худро иброз дошта, танҳо аз ҷой доштани чунин ҳодисаҳо изҳори таассуф намуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.