Душанбе. 27-уми май. «Азия-Плюс» — | Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ бобати масъалаи саркашӣ кардани чанде аз корхонаву ташкилотҳои ҷумҳурӣ дар саривақт пардохт намудани маблағҳои андоз изҳори нигаронӣ мекунад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз кумитаи мазкур иттилоъ доданд, бо мақсади таҳлили вазъи пардохти андоз ва окшор сохтани иллати аслии афзоиши қарзҳо аз пардохти андоз, кормандони мақомоти андоз дар чанде аз корхонаву ташкилотҳои ноҳияҳои Рӯдакиву Ҳисор як санҷиш доир сохтанд. «Натиҷаҳои санҷиш нишон дод, ки бар асари хунукназарии роҳбарон ба иҷрои ӯҳдадориҳои худ дар пардохти ҳатмии андоз, бақияи қарз аз рӯйи андоз мунтазам афзоиш меёбад», – гуфтанд дар кумитаи мазкур.
Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Ҳисор қарз аз пардохти андоз ба буҷа дар кооперативи истеҳсолии «Боғистон» – 622 ҳазор сомонӣ, корхонаи «Ҳисор» -и назди Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон – 336 ҳазор сомонӣ, ҶСК «Румӣ» – 8,6 ҳазор сомонӣ, кооперативи истеҳсолии «Калинин» – 232 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. «Кормандони мақомоти андоз зимни таҳлили фаъолияти корхонаҳои дигари ин ноҳия боз дар ҳаҷми 172 ҳазор сомонӣ қарз аз пардохти андозро ошкор сохтанд», – гуфт сарчашма.
Дар Кумитаи андоз хамчунин иброз доштанд, ки аз натиҷаҳои санҷиши корхонаву ташкилотҳои ноҳияи Рӯдакӣ ошкор гардид, ки онҳо аз пардохти андоз дар назди буҷаи давлатӣ дар ҳаҷми 800 ҳазор сомонӣ қарздоранд. «Роҳбарони корхона иллати афзоиши маблағи пардохти андозро ба болоравии қимати маводи сӯзишворӣ нисбат медиҳанд», – афзуданд дар кумита.