Оғози ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон бо иштироки соҳибкорони афғон

Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар бинои меҳмонхонаи «Хайят реҷенси»-и пойтахт ҳамоиши серӯзаи тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон бо иштироки соҳибкорони афғон оғоз мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ (ПСС) иттилоъ доданд, чорабинии мазкур аз ҷониби Агентии миллӣ оид ба содирот ва сармоягузории «KAZNEX INVEST» ва Палатаи савдо ва саноати […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар бинои меҳмонхонаи «Хайят реҷенси»-и пойтахт ҳамоиши серӯзаи тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон бо иштироки соҳибкорони афғон оғоз мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ (ПСС) иттилоъ доданд, чорабинии мазкур аз ҷониби Агентии миллӣ оид ба содирот ва сармоягузории «KAZNEX INVEST» ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо мақсади тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба бахшҳои афзалиятноки иқтисод, таъсиси корхонаҳои нави муштарак ва дарёфти шарикони нав дар соҳаҳои гуногун созмон дода шудааст. Ҳайати Қазоқистон аз ҳудуди 40 ширкат иборат аст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳайати Қазоқистон ҳамчунин намояндагони мақомоти давлатии Қазоқистон ва Палатаи савдову саноати ин кишвар низ ҳузур доранд. «Ҷониби Тоҷикистонро намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ПСС ҶТ, иттиҳодияҳои корӣ, корхонаву ташкилотҳои истеҳсоливу тиҷоратӣ ва хариду фурӯш намояндагӣ мекунанд», – гуфтанд дар ПСС.

Ғайр аз ин, баҳри иштирок дар кори ҳамоиш ҷониби Қазоқистон намояндагони Палатаи савдо ва саноати Афғонистон ва доираҳои тиҷоратии ин кишварро даъват намудааст. Чорабинӣ рӯзи 30-юми июн ба анҷом мерасад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.