Сафари ёвари котиби давлатии ИМА ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ

Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар давоми ҳафтаи 26 июн-2 июли соли 2011 Ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL) Вилям Браунфилд ба Ҷумҳурии Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Русия барои баррасии пешакии Ташаббуси Осиёи Марказӣ алайҳи маводи мухаддир ( ТОМАММ) (CACI), ташаббуси нави тақвияти қобилияти кишварҳои Осиёи […]

Asia-Plus

Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар давоми ҳафтаи 26 июн-2 июли соли 2011 Ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL) Вилям Браунфилд ба Ҷумҳурии Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Русия барои баррасии пешакии Ташаббуси Осиёи Марказӣ алайҳи маводи мухаддир ( ТОМАММ) (CACI), ташаббуси нави тақвияти қобилияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати маҳви ниҳоии қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ва парокандасозии созмонҳои ҷиноятии дахлдор дар ҳамоҳангӣ бо кӯшишҳои зидди маводи мухаддир дар Афғонистон ташриф меорад.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, 27 – 30 июн ӯ бо мансабдорони ҳукуматҳои қабулкунандаи Ҷумҳурии Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон барои муҳокимаи вазъи ҳамкориҳои минтақавӣ ва эҳтимолияти таъсисдиҳии воҳидҳои тафтишотӣ/гурӯҳҳои фаврии эътимоднокиашон санҷидашуда, ки ба тақвияти иқтидори муассисавӣ тавассути тафтишот, таъқибот ва айбдоркунии самарабахши судии қочоқчиёни зинаи миёна ва болоӣ мусоидат мекунанд, боздиди расмӣ доир менамояд. Ташрифи муҳими Ёвари Котиби давлатӣ Браунфилд ба Маркази минтақавии иттилоотӣ ва ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ (ММИҲОМ) дар Алмаато, Қазоқистон сурат мегирад.  Дар рафти он ӯ нақши ММИҲОМ дар густариши ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва мубодилаи иттилооти кашшофӣ дар ҷараёни мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир  ва роҳҳои ҳамоҳангии беҳтари кори воҳидҳои зидди маводи нашъадор дар Афғонистонро мавриди муҳокима қарор медиҳад. Ӯ инчунин ба Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Қирғизистон дар Бишкек ва Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар Душанбе  ташриф меорад, то вазъи кунунии ҳамкорӣ ва нақши эҳтимолии ин агентиҳоро дар ташаббус мавриди баррасӣ қарор диҳад. Ёвари Котиби давлатӣ инчунин ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон сафар мекунад то дар ифтитоҳи расмии хобгоҳи сарбозон (казарма) дар Отряди сарҳадии Шӯробод ва бинои нави Дидбонгоҳи сарҳадии Яхчи Пун ширкат варзад. Иншоотҳои бо дастгирии молиявии INL сохташуда ба муборизаи марзбонони тоҷик дар сафи пеш ҷиҳати коҳиши ҷараёни маводи мухаддир ва тақвияти амнияти умумии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон кӯмак мерасонанд.

Дар хотимаи сафари худ Ёвари Котиби давлатӣ Браунфилд ба Москва ташриф меорад то бо мансабдорони Ҳукумати Федератсияи Русия барои машварат оиди стратегияҳои зидди маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ ва муҳокимаи роҳҳои ҳамкории самарабахши миёни ИМА ва Русия дар мубориза алайҳи маводи мухаддир дар минтақа, аз он ҷумла тавассути созмонҳои минтақавӣ ва бисёрҷониба боздиди расмӣ доир намояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.