Ба хотири қурбониёни киштии «Булгария» дар Русия рӯзи мотам эълон шуд

Маскав, 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ба хотири қурбониёни киштии ғарқшудаи «Булгария» дар рӯдхонаи Волга рӯзи 12-уми июл дар Русия рӯзи мотами миллӣ эълон гардид. Рӯзи якшанбе дар рӯдхонаи Волга дар масофаи 3 км дуртар аз соҳил киштии сайёҳии «Булгария», ки соли 1955 дар Чехословакия сохта шуда буд, ғарқ шуд. Тибқи маълумот, дар киштӣ 208 […]

Asia-Plus

Маскав, 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ба хотири қурбониёни киштии ғарқшудаи «Булгария» дар рӯдхонаи Волга рӯзи 12-уми июл дар Русия рӯзи мотами миллӣ эълон гардид.

Рӯзи якшанбе дар рӯдхонаи Волга дар масофаи 3 км дуртар аз соҳил киштии сайёҳии «Булгария», ки соли 1955 дар Чехословакия сохта шуда буд, ғарқ шуд.

Тибқи маълумот, дар киштӣ 208 нафар одамон, аз ҷумла наздики 60 нафар кӯдакон қарор доштаанд. Шумори умумии фавтидагон 58 нафарро ташкил дода, 79 нафар наҷот дода шудаанд. Тақдири афроди боқимонда то ҳанӯз мушаххаст нест.

Ёдрас мекунем, ки ахиран Рӯзи мотами миллӣ дар Русия моҳи апрели соли 2010 пас аз суқути ҳавопаймои Ту-154 бо ҳайати Полша ва президенти ин кишвар Лех Качинский эълон шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.