Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки мақомоти дахлдор ҷаласаи шаҳрдорӣ баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, М. Убайдуллоев бо таваҷҷӯҳ ба масоили таъмини сокинон ва меҳмонони пойтахт бо хизматгузории хушсифат дар ҳамаи бахшҳо таъкид бар он дошт, ки дар ин самт бори масъулият қабл аз ҳама ба субъектҳои хоҷагидорӣ вогузор буда, ба назорати хуби ҷамъиятӣ вобаста аст.
«Дар ҳамин ҳол, раиси пойтахт ба журналистон барои мусоидату кӯмак ба ситоди шаҳрии назорат аз болои фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ изҳори миннатдорӣ баён дошта, иброз намуд, ки идомаи минбаъдаи чунин ҳамкорӣ ҳамаҷониба судманд аст», – гуфт вай.
Ба қавли мавсуф, раиси пойтахт ҳамчунин гуфтааст, барои таъмини шаффофияти барномаҳои дар ҳоли татбиқ қарордошта ва таҳияи ҳисоботҳои маҷлиси вакилони халқи шаҳр мебояд баҳри санҷиши пешакии онҳо намояндагони ВАО-ро ҷалб намуд. «Дар ҷаласа ҳамчунин масоили марбут ба таъмини фаровонии бозорҳо бо маводи ғизоии мавриди ниёзи аввалия низ баррасӣ шуд», – афзуд Ш.Саидов.