Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар Фурудгохи байнулмилалии Душанбе тамринҳои муштараки кулли хадамоти фурудгоҳ ва хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе оид ба корҳои наҷотдиҳӣ доир гардиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи фурудгоҳ Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, мутобиқи фарзия, дар тамрин хадамот наҷотдиҳии 50 нафар мусофирон аз ҳавопаймои оташгирифта зимни нишаст ба фурудгоҳро амалӣ сохтанд. «Амалиёти наҷотдиҳӣ дар якчанд марҳила сурат гирифта, мутахассисони хадамоти гуногун малакаҳои оташнишонӣ, наҷотдиҳии мусофирон ва расонидани кӯмаки аввалия ба ҷабридидагонро сайқал доданд», – гуфт ӯ.
Ба қавли М.Шодиев, тамриноти ба ин монанд хеле муҳиму рӯзмарра буда, ҳамасола ду-се маротиба гузаронида мешаванд ва зимни он дақиқиву муназзамӣ ва ботартиб будани корҳои дастаи наҷотдиҳандагон зимни садамаҳо санҷида мешаванд.