Аз ҳисоби шикори архар ба буҷаи ҷумҳурӣ 768 ҳазор $ маблағ ворид гардид

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар мавсисми шикори моҳҳои феврал-марти соли равон аз ҳисоби шикори гӯспанди кӯҳии Марко Поло (архар) ба буҷаи кишвар зиёда аз 3,6 млн сомонӣ (ҳудуди 768 ҳазор $) маблағ ворид гардид. Дар робита ба ин масъала раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ Талбак Салимов мегӯяд, ҳарчанд мавсими гузашта […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар мавсисми шикори моҳҳои феврал-марти соли равон аз ҳисоби шикори гӯспанди кӯҳии Марко Поло (архар) ба буҷаи кишвар зиёда аз 3,6 млн сомонӣ (ҳудуди 768 ҳазор $) маблағ ворид гардид.

Дар робита ба ин масъала раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ Талбак Салимов мегӯяд, ҳарчанд мавсими гузашта барои шикори архар 80 квота ҷудо шуда бошад ҳам, ҳамагӣ 51 шикор анҷом дода шуд, зеро дар муддати муайяне ба шикори архар мораторий эълон гардида буд.

Бино ба гуфтаи сардори шӯъбаи ҳифзи рустанӣ ва ҳайвоноти кумитаи мазкур Раҷабалӣ Шарифов, ҳамаи хоҳишмандони шикори гӯспанди кӯҳӣ шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. «Ба шикори гӯсфанди кӯҳии Марко Поло бештар шаҳрвандони ИМА, Канада, Фаронса ва Испания мароқ зоҳир месозанд», – гуфт вай.

Ба қавли мутахассис, дар Тоҷикистон арзиши як иҷозатнома барои шикори архар соли 2010 – 51 ҳазор сомонӣ ва соли 2011 ҳудуди 55 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

То эълони моратория ба шикори архар (солҳои 2007-2008) ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамасола барои шикои он дар Помири Шарқӣ 45 квота ҷудо мекард.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ, айни замон шумори гӯсфанди кӯҳии Марко Поло дар қаламрави Тоҷикистон ба 12-15 ҳазор сар баробар аст.

Қобили зикр аст, ки бори нахуст ин ҷонварро Марко Поло- сайёҳи итолиёвӣ дар илм тавсиф карда буд, ки дар асри XII аз шаҳри Венетсия бо азми ҷаҳонгардӣ бархост ва рӯ ба сӯи Ховарзамин, ба сӯи Чин ниҳод. Аз тариқи як шохаи Шоҳроҳи Абрешим бо убур аз Хуросони Бузург вориди водии Вахон гашт, бо рамаи ин гӯспанди ёбоӣ дучор омад ва онро дар сафарномааш муаррифӣ кард. Ва ҳамин тариқ архар бо номи гӯспанди Марко Поло шӯҳрат ёфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.