Мулоқоти судманди дипломати тоҷик бо собиқ президенти Украина

Душанбе. 2-юми август. «Азия-Плюс» — | Ахири ҳафтаи гузашта сафири Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов дар шаҳри Киев бо собиқ президенти Украина Леонид Кучма мулоқот кард. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот Ш.Султонов ба собиқ президенти Украина дар бораи ҷараёни корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 2-юми август. «Азия-Плюс» — | Ахири ҳафтаи гузашта сафири Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов дар шаҳри Киев бо собиқ президенти Украина Леонид Кучма мулоқот кард.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот Ш.Султонов ба собиқ президенти Украина дар бораи ҷараёни корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ маълумот дода, ба масоили вазъи имрӯза ва дурнамои рушди муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Украина таваҷҷӯҳи хосса зоҳир сохтааст.

Худи ҳамон рӯз дар шаҳри Киев вохӯрии Ш. Султонов бо раиси Иттифоқи молистеҳсолкунандагони Украина Николай Иващенко доир гардид, ки ин иттифоқ беш аз 700 корхонаҳои бахшҳои гуногуни иқтисоди Украинаро муттаҳид месозад.

«Бо назардошти таҷрибаи бою ғании корхонаҳои Украина дар саноати коркарди маҳсулоти ғизоӣ ва саноатӣ, ҷонибҳо масоили таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли маводи ғизоӣ ва маснӯъоти қаннодӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла маҳсулоти ширӣ ва сабзавоту меваро баррасӣ карданд», – таъкид сохт намояндаи ВКХ.

Ба иттилои манбаъ, Н. Ивашенко мавриди омӯзиш қарор додани масъалаи роҳандозии истеҳсоли мошину техникаи махсус барои кор дар хоҷагии манзилию коммуналӣ ва таъсиси корхонаҳо оид ба истеҳсоли мебелро пешниҳод намудааст.

Аз рӯйи натоиҷи мулоқот ироаи пешниҳодоти мазкур ба баррасии ҷаласаи III-уми қарибулвуқӯъи Комисияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкории иқтисодӣ маъқул шуморида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.