Ҳукумат нақшаи чорабиниҳо барои се солро тасдиқ кард

            Душанбе. 30-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат   Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он беш аз 50 масъала баррасӣ шуд. Дар ҷаласа Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Кумитаи тадорукоти ин ҷашни пурифтихор тасдиқ […]

root



           

Душанбе. 30-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат

 

Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он беш аз 50 масъала баррасӣ шуд.




Дар ҷаласа Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Кумитаи тадорукоти ин ҷашни пурифтихор тасдиқ карда шуд.



Нақшаи таҷлили 20-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон қариб 90 чорабинии фарҳангӣ ва илмию маърифатии оммавӣ ва албатта корҳои бузурги созандагию бунёдкориро, ки ба ҳукми анъанаи наку даромадаанд, дар бар мегирад.



Сохтмон ва ба истифода додани биноҳои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва

 

Чойхонаи миллии Тоҷикистон, ба итмом расондани сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд – Чанок, Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-сарҳади Қирғизистон, Кӯлоб-Қалъаи Хумб, Қурғонтеппа – Дӯстӣ – Панҷи Поён ва нақбҳои Шаҳристону Шаршар, бунёди роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон,

 

як нерӯгоҳи миёнаиқтидор ва 43 нерӯгоҳи хурди обӣ, анҷом додани таҷдиди 4 агрегати нерӯгоҳи обии Норак, сохтмони хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи «Ҷануб-Шимол» ва зеристгоҳи 500-киловолтаи Душанбе, хатти 220-киловолтаи «Тоҷикистон-Афғонистон», сохтмони як силсила корхонаҳои коркарди нахи пахта дар ноҳияҳои гуногуни кишвар, барқарор ва пурра ба кор даровардани корхонаи азими Тоҷикхимпром дар ноҳияи Ёвон, сохтмон ва ба кор даровардани корхонаи нави кабелбарории шаҳри Душанбе, таъсиси филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишгоҳи энергетикии Маскав ва Донишгоҳи техникии Харков дар шаҳри Душанбе, таъсис додани Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» барои духтарони ятим,

 

сохтмони садҳо иншооти нави соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзишу туризм, барқарор намудани як силсила қалъаю кушк ва дигар мавзеъҳои тарихӣ ва аз худ намудани ҳазорҳо гектар заминҳои нав дар шаҳру ноҳияҳои гуногун аз ҷумлаи силсилаи тадбирҳои бузургҳаҷми созандагию бунёдкорианд, ки

  

дар чаҳорчӯби чорабиниҳои «900 рӯзи ободонӣ» амалӣ хоҳанд шуд. Таҷлили 100-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон – шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, омода ва чоп кардани Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ва ҷилди якуми китоби 6-ҷилдаи Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ, ташкил ва гузарондани анҷумани навбатии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ва доир намудани ҷамъомадҳои тантанавӣ, намоишҳои театрӣ, семинару конфронс, озмуну фестивал ва маҳфилҳои илмию адабӣ аз ҷумлаи чорабиниҳои сершумори фарҳангии бахшида ба таҷлили 20-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон хоҳанд буд, ки ба тарбияи маънавии аҳли ҷомеа ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозии онҳо аз таъриху фарҳанги пурғановат ва давлатдории миллии тоҷикон равона мегарданд.



Лоиҳаи

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

«Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» дар таҳияи нав маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Тибқи нишондодҳои қонуни нав низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба ҳадди беш аз 50 дар сад тағйир меёбад.



Консепсияи ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.



Илтимосномаи маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тавилдара оид ба таъсис додани деҳоти Вахиё ва илтимосномаи маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ дар бораи таъсис додани шаҳраки Мирзо Турсунзода дастгирӣ ёфта, барои баррасӣ ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.



Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Мутобиқи талаботи ин қонун амали муқаррароти кодексҳои андоз ва гумрук ва

 

қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»,

 

«Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» ва

 

«Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» вобаста ба санҷишҳои

  

фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна то 29 июли соли 2010 боз дошта мешавад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.