Тоҷикистон дар тамринҳои низомӣ дар Қазоқистон иштирок намекунад

Date:

Душанбе. 4-уми авнуст. «Азия-Плюс» — | Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ тасмим гирифт, ки дар тамринҳои низомии ҳамасола таҳти унвони «Уқоби биёбон» дар Қазоқистон, ки шурӯъ аз соли 2003 доир мегарданд, иштирок накунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, аввали соли равон вазорат сафарбар намудани гурӯҳи фаврӣ ҷиҳати иштирок дар ин тамринҳоро ба нақша гирифта буд, ки дар он сарбозону афсарони тоҷик дар ҳамроҳӣ бо намояндагони Қувваҳои Мусаллаҳи Қазоқистон, ИМА, Британии Кабир, Қирғизистон ва Литва баргузории амалиётхои ҷангӣ дар шароити гуногунро амалӣ месохтанд ва дар ин бора созмондиҳандагони тамрин низ огоҳ карда шуда буданд.

«Вале бинобар сафарбарсозии сарбозону афсарони артиши миллӣ барои дар сатҳи зарурӣ таҷлил кардани ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли миллӣ, вазорат наметавонад гурӯҳи фавриро ба Қазоқистон фиристад», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид сохт, ки соли оянда сарбозону афсарони тоҷик ҳатман дар ин тамрин ширкат хоҳанд варзид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...