Шӯрои ВАО: Дар маводи ду нашрия талаботи Меъёрҳои ахлоқӣ риоя нашудаанд

Шӯрои васоити ахбори умуми Тоҷикистон чунин мешуморад, ки маводҳои дар сомонаи интернетии Pressa.tj ва нашрияи «Народная газета» инишоргардида оид ба далели боздошти хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов ба Меъёрҳои ахлоқии фаъолити журналистӣ мухолифат доранд. Дар иттилоияи интишоргардидаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон гуфта мешавад, пас аз баррасии муроҷиати роҳбари намояндагии ВВС дар Тоҷикистон Исфандиёри Одина нисбат ба мақолаҳои […]

Asia-Plus

Шӯрои васоити ахбори умуми Тоҷикистон чунин мешуморад, ки маводҳои дар сомонаи интернетии Pressa.tj ва нашрияи «Народная газета» инишоргардида оид ба далели боздошти хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов ба Меъёрҳои ахлоқии фаъолити журналистӣ мухолифат доранд.

Дар иттилоияи интишоргардидаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон гуфта мешавад, пас аз баррасии муроҷиати роҳбари намояндагии ВВС дар Тоҷикистон Исфандиёри Одина нисбат ба мақолаҳои интишоргардида дар сомонаи Pressa.tj («Я общался с амиром «Хизбуттахрир» в Таджикистане») ва нашрияи «Народная газета» ((«Урунбой Усмонов задержан», ….) шӯро ба чунин хулоса расидааст.

Ба ақидаи аъзои Шӯрои ВАО, нашрияи «Народная газета» дар мақолаҳои худ нисбат ба Ӯ. Усмонов ибораҳои «псевдожурналист» ва «экстремист»-ро истифода бурда, талаботи моддаи 7-и Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистонро риоя накардааст, ҳол он ки «экстремист» будан ё набудани Усмоновро танҳо суд муайян менамояд.

«Ҳамчунин дар моддаи 8-уми  Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти  журналистӣ дар Тоҷикистон оид ба эҳтимолияти бегуноҳӣ сухан меравад. Дар  ин  банд омадааст: «Ҳангоми гузориш дар  мавриди инъикоси қазияи ҷиноӣ ва  амсоли он ВАО ва журналист аз пешдоварӣ, худдоварӣ худдорӣ мекунанд. То собит гардидани гуноҳи шахс дар  суд ВАО ва журналист  наметавонанд барои гунаҳкории ӯ қазоват кунанд». Ҳангоми чопи мақолаҳо  ин талаботи моддаи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти  журналистӣ дар Тоҷикистон вайрон карда шудааст, чунки баъди хондани мақолаҳо хонанда гумон мекунад, ки  дар  ҳақиқат Усмонов гунаҳкор аст», – зикр мегардад дар иттилоияи ВАО.

Шӯро ҳамчунин ба хулоса расид, ки аз ҷониби сомонаи Pressa.tj ва нашрияи «Народная газета» талаботи Меъёрҳои ахлоқии журналистӣ дар қисмати ҳамраъйии касбӣ низ риоя нашудаанд. Дар қисмати ниҳоии қарор Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба ҳамаи воситаҳои ахбори ҷумҳурӣ тавсия медиҳад, ки ҳангоми таҳияи мавод бодиққат бошанд ва нагузоранд, ки Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон вайрон гарданд.

Ёдрас мекунем, ки дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи хабарнигори бахши осиёимиёнагии Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов оғоз гардид. Журналист ба огаҳ насохтани мақомот аз фаъолияти созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» айбдор карда мешавад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.

“Арванд” беҳтарин бонк дар пешниҳоди хидматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф шуд

Бонк дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор” сазовори ҷои аввал дониста шуд.

Диди нав ба мавзӯи куҳан. Китоби нави “Бозиҳои қисмат”-и Холиқназар Ҷумъазода аз чиҳо қисса мекунад?

Бар хилофи навиштаҳои қаблии ҳаҷвияш, ин китоб бо муҳтавои ҷиддӣ ва моҷароӣ омода шудааст.