Таҳдиди намояндаи Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккил ба адвокатҳо

Ба гуфтаи намояндагони газета Шӯҳрат Қудратов ва Абдураҳмон Шарифов, рӯзи 17 август ҳангоме ки онҳо дар маҷлисгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ оғози мурофиа оид ба даъвои сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккил Анвар Тағоймуродов нисбат ба ҳафтавори «Азия-Плюс»-ро интизорӣ доштанд, намояндаи Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ А. Муллоев ба онҳо таҳдид кардааст. «Алихон […]

Марат Мамадшоев

Ба гуфтаи намояндагони газета Шӯҳрат Қудратов ва Абдураҳмон Шарифов, рӯзи 17 август ҳангоме ки онҳо дар маҷлисгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ оғози мурофиа оид ба даъвои сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккил Анвар Тағоймуродов нисбат ба ҳафтавори «Азия-Плюс»-ро интизорӣ доштанд, намояндаи Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ А. Муллоев ба онҳо таҳдид кардааст.

«Алихон Муллоев яке аз намояндагони А.Тағоймуродов дар мурофиаи додгоҳӣ аст. Имрӯз вақте мо ба мурофиаи додгоҳӣ ҳозр шудем ва додрасро дар толор интизорӣ доштем, ӯ ба мо чунин гуфт: «шумо душманони мақомоти милиса ва ман шахсан шуморо аз пешониатон мепарронидам» ва «ман шуморо бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳо нобуд месозам», ин суханонро ӯ чандин маротиба такроран гуфт, – мегӯянд адвокатҳои ҳафтавор. – Ин суханон дар ҳузури шоҳидон гуфта шуданд. Дар толор намояндагони матбуот ва созмонҳои гуногуни байнулмилалии ҳуқуқӣ, ки қазияи мазкурро пайгирӣ мекунанд, ҳузур доштанд».

Ба гуфтаи адвокатҳо, имрӯз, 18-уми август онҳо аризаи худро ба Додситонии кулли ҷумҳурӣ пешниҳод мекунанд. Дар ариза аз Додситонии кулл дархост карда хоҳад шуд, ки далели таҳдиди ҷазои ҷисмонӣ додан ба адвокатҳо аз ҷониби А. Муллоев воқеъӣ эътироф карда шавад, зеро бо тақозои вазифа ӯ ба аслиҳа дастрасӣ дорад. Ҳамчунин дархост мегардад, ки нисбат ба ин амали ӯ чораҳои дахлдор андешида шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.