Дар Шӯрообод афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон кушта шуд

Дар деҳаи Анҷироби ноҳияи наздисарҳадии Шӯроободи вилояти Хатлон афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон – зодаи ноҳияи Ванҷ Рамзӣ Гулобови 25-сола аз ҷониби қочоқбарони афғон кушта шуд. Аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки афсар Гулобов ҳангоми бозгашт аз рухсатӣ ба қисми низомии худ, ки дар ноҳияи Ҳамадонӣ воқеъ […]

Аваз Юлдошев


Дар деҳаи Анҷироби ноҳияи наздисарҳадии Шӯроободи вилояти Хатлон афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон – зодаи ноҳияи Ванҷ Рамзӣ Гулобови 25-сола аз ҷониби қочоқбарони афғон кушта шуд.

Аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки афсар Гулобов ҳангоми бозгашт аз рухсатӣ ба қисми низомии худ, ки дар ноҳияи Ҳамадонӣ воқеъ будааст, кушта шудааст.

«Дар роҳи мошингарди Дарвоз-Кӯлоб ба Гулобов ду нафар шаҳрванди мусаллаҳи Афғонистон дарафтодаанд. Афсари ҷароҳати вазнин бардошта, ки боиси маргаш гардид, силоҳи яке аз афғонҳоро гирифта, як тан аз дарафтодагонро захмӣ кардааст», – гуфт манбаъ.

Шаҳрвандони Афғонистон то ба ҷойи ҳодиса расидани  кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурдаанд.

Бино ба маълумоти мақомоти қудратии ҷумҳурӣ, соли равон ин ҳодисаи ҳафтуми куштори марзбонон аз ҷониби қочоқбарони афғон дар марзи самти ноҳияи Шӯрообод аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.