Зоирини тоҷик қимати роҳкироро бо доллари ИМА пардохт мекунанд

Аз шаҳрвандони тоҷик, ки соли равон зиёрати Хонаи Худоро ихтиёр кардаанд, пардохти маблағи роҳкиро танҳо бо доллари ИМА талаб карда мешавад. Дар посух ба суоли хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» бобати ба қонунгузории кишвар мутобиқат кардани ин тасмим, ки тамоми амалиёти молиявӣ дар қаламрави Тоҷикистон бояд бо асъори миллӣ сурат бигиранд, муовини раиси Кумита оид ба корҳои […]

Шӯҳрат Шодиев, Заррина Эргашева


Аз шаҳрвандони тоҷик, ки соли равон зиёрати Хонаи Худоро ихтиёр кардаанд, пардохти маблағи роҳкиро танҳо бо доллари ИМА талаб карда мешавад.

Дар посух ба суоли хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» бобати ба қонунгузории кишвар мутобиқат кардани ин тасмим, ки тамоми амалиёти молиявӣ дар қаламрави Тоҷикистон бояд бо асъори миллӣ сурат бигиранд, муовини раиси Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ Мавлон Мухторов гуфт, чораи мазкур бинобар тағйирёбии назарраси қурби доллари ИМА нисбат ба сомонӣ тайи чанд муддати ахир пеш гирифта шудааст. «Дар вазъи мавҷуда ба норасоии маблағ дучор омадани мо аз эҳтимол дур нест ва аз ин рӯ, ҳукумати кишвар ба таври истисноӣ ба мо иҷозат дод, ки ба чунин иқдом даст занем», – гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти мақомоти расмӣ, соли равон 5,5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба адои маросими ҳаҷҷ сафарбар карда шуда, маблағи роҳкирои он барои як нафар 3,5 ҳазор ва дар маҷмӯъ ҳудуди 19 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар шарҳи масъалаи мазкур иқтсисодчии маъруф Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба хабаргузории REGNUM изҳор кардааст, ки чунин амал ба қонунгузории ҷумҳурӣ мухолифат дошта, ин масъала бояд мавриди омӯзиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гирад. «Ғайр аз ин, аз гардиш берун овардани ин миқдор маблағи асъори хориҷӣ метавонад ба қурби доллари ИМА дар Тоҷикистон таъсир манфӣ расонад», – мегӯяд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ҳамасола ин механизм бо бо БМТ мувофиқа мешавад, зеро пардохти маблағи транзити ҳавопаймоҳо ва хизматгузории ҷониби қабулкунанда бо доллари ИМА пардохт мегардад.

Ба гуфтаи ӯ, солҳои пешин пардохти маблағ бо асъори барои зоирин қулайу мусоид сурат мегирифт, вале соли равон ин масъала то охир омӯхта нашудааст. «Барои муайян кардани бо кадом асъор пардохтани роҳкирои ҳаҷҷ мебояд бо қарордодҳои Кумитаи дин ошно гардид, – изҳор дошт манбаъ. – Дар муддати ду-се рӯз тамоми асноди молиявиву ҳуқуқӣ омӯхта шуда, ин масъала пурра ҳал хоҳад шуд».

Намояндаи Бонки миллӣ ҳамчунин афзуд, кӯшиш ба харҷ дода хоҳад шуд, то ки ин масъала ҳам барои зойирин мусбат ҳал гардида, ҳам ба бозори дохилӣ таъсири манфӣ нагузорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.