Бақияи қарзи бонкҳои ҷумҳурӣ беш аз 926 млн. $-ро ташкил дод

Date:


Бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ба санаи 1 августи соли равон маблағи 4,4 млрд. Сомонӣ (беш аз 926 млн. $) -ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,7 фоиз афзуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, азҷумла, дар  таркиби бақияи ҳаҷми қарзҳо 66,8 фоиз  ё 2,9 млрд. сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 33,2 фоиз ё 1,5 млрд. сомониро қарзҳои дарозмуддат ташкил доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳафт моҳи соли равон фоизҳои миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ ба 22,69 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 22,00 фоизи солона баробар шуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта мувофиқан 1,8 ва 2,0 банди фоизӣ кам мебошанд.

Зикр гардид, ки дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда 1,4 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳафт моҳи соли гузашта 38,9 фоиз зиёд аст. Аз ин ҳисоб 318,1 млн. сомонӣ дар шакли қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...