Беш аз 160 ҳазор нафар бори нахуст ба остонаи мактаб қадам мениҳанд

Date:



Соли равон дар Тоҷикистон беш аз 160 ҳазор нафар кӯдакон бори нахуст пой ба остонаи мактаб мениҳанд.


Соли гузашта ин шумор каме бештар – ба 161 ҳазору 132 нафар кӯдакон баробар буд.


Роҳбари хадамоти матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев зикр кард, ки имсол соли нави хониш ба таври маъмулӣ – 1-уми сентябр оғоз мегардад. Мутобиқи қарори Вазорати маориф, дар ин рӯз дар тамоми макотиб ҷамъомади тантанавӣ доир гардида, сипас дарси сулҳ баргузор мешавад.


Бино ба маълумоти пешакии Вазорати маорифи кишвар, соли равон шумори толибилмон дар макоиби таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 1 млн. 700 ҳазор (соли гузашта – 1 млн. 693 ҳазор) нафарро ташкил хоҳад дод.


Айни замон дар Тоҷикистон 3 ҳазору 747 адад макотиби таҳсилоти умумӣ амал мекунанд. Дар соли нави хониш 140 мактаби нав дарҳои худро ба рӯйи толибилмон боз карданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...