Беш аз 160 ҳазор нафар бори нахуст ба остонаи мактаб қадам мениҳанд

Соли равон дар Тоҷикистон беш аз 160 ҳазор нафар кӯдакон бори нахуст пой ба остонаи мактаб мениҳанд. Соли гузашта ин шумор каме бештар – ба 161 ҳазору 132 нафар кӯдакон баробар буд. Роҳбари хадамоти матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев зикр кард, ки имсол соли нави хониш ба таври маъмулӣ – 1-уми сентябр оғоз мегардад. […]



Соли равон дар Тоҷикистон беш аз 160 ҳазор нафар кӯдакон бори нахуст пой ба остонаи мактаб мениҳанд.


Соли гузашта ин шумор каме бештар – ба 161 ҳазору 132 нафар кӯдакон баробар буд.


Роҳбари хадамоти матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев зикр кард, ки имсол соли нави хониш ба таври маъмулӣ – 1-уми сентябр оғоз мегардад. Мутобиқи қарори Вазорати маориф, дар ин рӯз дар тамоми макотиб ҷамъомади тантанавӣ доир гардида, сипас дарси сулҳ баргузор мешавад.


Бино ба маълумоти пешакии Вазорати маорифи кишвар, соли равон шумори толибилмон дар макоиби таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 1 млн. 700 ҳазор (соли гузашта – 1 млн. 693 ҳазор) нафарро ташкил хоҳад дод.


Айни замон дар Тоҷикистон 3 ҳазору 747 адад макотиби таҳсилоти умумӣ амал мекунанд. Дар соли нави хониш 140 мактаби нав дарҳои худро ба рӯйи толибилмон боз карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.