Имзои се санади ҳамкорӣ дар доираи сафари Д.Медведев ба Тоҷикистон

Зимни сафари президенти Русия Дмитрий Медвелев ба Тоҷикистон миёни кишварҳо се санади ҳамкорӣ ба имзо мерасанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати кишвар хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, пас аз гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия тасвиби асноди зерин дар назар аст: – Изҳороти муштараки сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон; – […]


Зимни сафари президенти Русия Дмитрий Медвелев ба Тоҷикистон миёни кишварҳо се санади ҳамкорӣ ба имзо мерасанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати кишвар хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, пас аз гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия тасвиби асноди зерин дар назар аст:

– Изҳороти муштараки сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон;

– Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар бахши ҳифзи марзҳои давлатӣ;

– Барнома оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Русия барои солҳои 2012-2015.

Дар чаҳорчӯби сафари мазкур президенти Русия рӯзҳои 2-3-ми сентябр дар мулоқоти чаҳоргонаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия ва Афғонистону Покистон ва ҳамчунин дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ширкат хоҳад варзид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.