Суғд: Ба худкушӣ даст задани наврасон

Се нафар толибилмони макотиби таҳсилоти умумии вилояти Суғд даст ба худкушӣ заданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, дар оғили хонаи худ хонандаи синфи 9-уми маҳаллаи аҳолинишини Ғазантараки ноҳияи Ғончӣ Н.Ш. худро ба дор овехтааст. Ба ин монанд ҳодисаҳо дар ҷамоатҳои Ворухи ноҳияи Исфара ва Шодоби ноҳияи Ашт низ […]


Се нафар толибилмони макотиби таҳсилоти умумии вилояти Суғд даст ба худкушӣ заданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, дар оғили хонаи худ хонандаи синфи 9-уми маҳаллаи аҳолинишини Ғазантараки ноҳияи Ғончӣ Н.Ш. худро ба дор овехтааст.

Ба ин монанд ҳодисаҳо дар ҷамоатҳои Ворухи ноҳияи Исфара ва Шодоби ноҳияи Ашт низ ба вуқӯъ пайвастаанд. Дар ҳарду ҳолат духтарони навраси синфи 11 даст ба худкушӣ задаанд.

Сабабҳои ду ҳодисаи аввалро мақомоти додситонӣ мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Дар ҳодисаи сеюм ҷанҷоли оилавиро сабаб медонанд, вале корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар зарфи 7 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 141 ҳодисаи даст ба худкушӣ задан (дар ҳамин давраи соли 2010 – 207 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст, ки миёни онҳо 63 нафарашон мардон (соли 2010 – 113 нафар) ва 78 нафарашон занон (соли 2010 – 94 нафар) мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.