Зарифӣ ва Лебедев: Душанбе ба нишасти ИДМ омода аст

Рӯзи 31 августи соли 2011 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев баргузор гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар оғози сӯҳбат Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ барои кори фаъол ва самараноки анҷомдодашуда […]

Asia-Plus


Рӯзи 31 августи соли 2011 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар оғози сӯҳбат Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ барои кори фаъол ва самараноки анҷомдодашуда ҷиҳати омодагӣ ба ҷаласаҳои дарпешистодаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ изҳори сипос намуд. Ӯ аҳамияти афзори ҳамкории сарони давлатҳо ва вазирони корҳои хориҷиро дар чаҳорчӯби ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ барои афзоиши самаранокии фаъолияти Иттиҳод таъкид сохт.

 Вазир Ҳ. Зарифӣ қайд кард, ки мулоқоти мазкур барои хулосабарории корҳои муштараки омодагии марбут ба қисми ташрифотӣ ва мӯҳтавои ҷаласаҳо дар остонаи чорабиниҳои пешбинишуда дар чаҳорчӯби Иттиҳод имконияти хубе фароҳам меоварад. Ӯ инчунин таъкид кард, ки ҷаласаҳои мазкур дар соли ҷашнии Иттиҳод барпо мегарданд ва ҷониби Тоҷикистон корҳои ҷиддиро барои гузаронидани ин чорабиниҳо дар сатҳи муносиб ба анҷом расонидааст.

 Дар навбати худ С. Лебедев аз ҳолати омодагии Тоҷикистон ба гузаронидани ҷаласаҳои дарпешистода ибрози қаноатмандӣ намуда, ба Вазир Ҳ. Зарифӣ барои таъмини шароитҳои зарурӣ ҷиҳати гузаронидани ҳарду чорабинӣ дар сатҳи баланди тадорукотӣ ва мундариҷавӣ изҳори миннатдорӣ кард. Ҳамчунин ӯ тазаккур дод, ки Кумитаи иҷроияи ИДМ дастгирии ҳукумати кишвар ва сохторҳои дахлдорро дар самти мусоидат ба ҳалли тамоми масъалаҳои марбут ба гузаронидани чорабиниҳои Иттиҳод дар шаҳри Душанбе ҳис карда истодааст.

 Зимни мулоқот ҷонибҳо инчунин рӯзномаи ҷаласаҳоро баррасӣ намуда, оид ба имзошавии як қатор санадҳо дар ҳошияи ҷаласаҳо табодули афкор доир карданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.