Ҳалокати афсари хадамоти махсуси амнияти Медведев дар Душанбе

Афсари гурӯҳи таъминоти амният ва алоқаи президенти Русия дар меҳмонхонаи «Ҳайёт Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе нобаҳангом аз олам даргузашт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, санади дарёфт ва азназаргузаронии подполковники 38-сола Владимир Кузнетсов дар ҳуҷраи афсар дар худи меҳмонхона бо иштироки коршиносони ВКД-и Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия […]


Афсари гурӯҳи таъминоти амният ва алоқаи президенти Русия дар меҳмонхонаи «Ҳайёт Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе нобаҳангом аз олам даргузашт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, санади дарёфт ва азназаргузаронии подполковники 38-сола Владимир Кузнетсов дар ҳуҷраи афсар дар худи меҳмонхона бо иштироки коршиносони ВКД-и Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия баргузор шудааст.

Гуфта мешавад дар ҷасад аломатҳои марги маҷбурӣ ба мушоҳида нарасидаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, марҳум рӯзи 26-уми июли соли равон бо сафари корӣ ҷиҳати таъмини амният ва алоқаи махсуси президенти Русия Дмитрий Медведев зимни боздид аз Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе омадааст.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз сафари расмии президенти Русия ба Тоҷикистон огоз мегардад.


 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.