Сӯҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Озарбойҷон

Миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев сўҳбати телефонӣ баргузор шуд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев ҳамдигарро бо фарорасии иди саиди Фитр табрику таҳният гуфта, доир ба ҷанбаҳои гуногуни муносиботи дўстӣ ва ҳамкории босамари Тоҷикистону Озарбойҷон гуфтугў намуданд.  Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи […]


Миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев сўҳбати телефонӣ баргузор шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев ҳамдигарро бо фарорасии иди саиди Фитр табрику таҳният гуфта, доир ба ҷанбаҳои гуногуни муносиботи дўстӣ ва ҳамкории босамари Тоҷикистону Озарбойҷон гуфтугў намуданд.

 Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқӣ, ки миёни ду давлати дўст дар сатҳи олии сиёсӣ ва дигар сатҳу зинаҳо ба имзо расидаанд, зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳарду ҷониб барои татбиқи амалии ин санадҳо ва истифодаи пурсамар аз имкону захираҳои фаровони ҳамкории мутақобилан судманд бояд ҷаҳд намоянд.

 Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба масоили минтақавию байналмилалӣ ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷўҳ сурат гирифт.


 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.