Латукӯби сардабири ҳафтавори «Фараж»

Дар яке аз роҳҳои мошингарди шаҳри Душанбе сардабири ҳафтавори «Фараж» Хуршеди Атовулло (Ниёзов) мавриди латукӯби афроди номаълум қарор гирифт. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ҷабрдида Х. Атовулло дар робита ба ин қазия изҳор кард, ки ҳангоми ҳаракат ба самти микрорайони 102-юм ҳамроҳи ду нафар дӯсташ як автомашинаи тамғаи «ВАЗ-06»-и рангаш сафед ӯро думболагирӣ карда, […]


Дар яке аз роҳҳои мошингарди шаҳри Душанбе сардабири ҳафтавори «Фараж» Хуршеди Атовулло (Ниёзов) мавриди латукӯби афроди номаълум қарор гирифт.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ҷабрдида Х. Атовулло дар робита ба ин қазия изҳор кард, ки ҳангоми ҳаракат ба самти микрорайони 102-юм ҳамроҳи ду нафар дӯсташ як автомашинаи тамғаи «ВАЗ-06»-и рангаш сафед ӯро думболагирӣ карда, дар маҳаллаи Зарафшон роҳи ҳаракати мошини онҳоро бастааст. Сипас аз дохили мошин се нафари мусаллаҳ бо дубинкаҳо ва чаҳор нафари  дар роҳ аллакай онҳоро мунтазирбуда ӯ ва ҳамроҳоашро мавриди латукӯб қарор додаанд.

Сардабири ҳафтавори «Фараж» мегӯяд, ҳамаи онҳо ҷавон буданд ва мутмаин аст, ки ин амал қаблан тарҳрезишуда аст, зеро ин автомашина онҳоро аз худи манзили зист думболагирӣ дошт.

Дар ҳамин ҳол, журналист наметавонад тахмин бикунад, чӣ сабабе ба латукӯби ӯ боис шудааст. Ҷабрдидагон рақами автомашинаро дар хотир нигаҳ доштаанд. Ин маълуот хамроҳ бо ариза ба ШКД-и ноҳияи Сино супурда шудааст, вале Х. Атовулло мегӯяд, дар он ҷо ба ин ҳодиса он қадр таваҷҷӯҳе ҳам накардаанд.

«Ман ба онҳо рақами автомашинаро, ки тавассути он метавон дарҳол соҳиби онро муайян кард, пешниҳод кардам, вале ба ман гуфтанд, ки фардо ба ин кор машғул хоҳанд шуд», – гуфт ӯ.

Ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигор Х. Атовулло дар Маркази тиббии Қарияи Боло қарор дошт. Бар асари латукӯб журналист аз дасту пояш ҷароҳат бардоштааст.

Хабарнигорони ОИ «Азия-Плюс» кӯшиш карданд, ки бо корманди ШКД-и ноҳияи Синои пойтахт Фарҳод Ҳайдаров, ки ба баррасии аризаи Х. Атовулло машгул аст, дар тамос бишаванд, аммо муфаттиш дар ҷойи кориаш ҳозир набуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.