Дар Белорус ба ифтихори ҷашни истиқлоли Тоҷикистон китоб нашр шуд

Нашри Китоби илмӣ зери унвони «20 соли истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Беларус» дар ш. Мински Беларус ба табъ расид, ки ба он маводҳои илмӣ аз Конфронси байналхалқӣ зери чунин унвон ворид шуданд.  Тавре аз департаменти иттилооти Вазоратикорҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, конфронси номбурда бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон […]


Нашри Китоби илмӣ зери унвони «20 соли истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Беларус» дар ш. Мински Беларус ба табъ расид, ки ба он маводҳои илмӣ аз Конфронси байналхалқӣ зери чунин унвон ворид шуданд.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазоратикорҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, конфронси номбурда бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар, дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ИДМ, Парлумон, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Академия идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус гузаронида шуд.

 Дар китоби мазкур баромадҳои иштирокчиёни Конфронси байналхалқӣ «20 соли истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Беларус», аз ҷумла Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов, Муовини аввали раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун, Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Игор Петришенко, Раиси Суди Иқтисодии ИДМ Файзулло Абдуллоев, ҳамчунин Сафирони кишварҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Беларус ба қайд гирифта шудаанд, олимони машҳур ва ходимони ҷамъиятӣ, намояндагони хадамотҳои идоравӣ ва донишгоҳҳои олӣ ҷо дода шудаанд.

 Китоб бо дастгирии Сафорати Тоҷикистон дар Беларус ва Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус нашр шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.